Хати кофари лаъли сероби туро кам кам гирифт

Дев аз дасти сулаймони оқибат хотам гирифт

Шӯхи чашмӣ май барад аз пеши кори хеш ро

Домани гулро зи дасти булбулон шабнам гирифт

Маркази паргори давлати дил ба даст овардан аст

наме тавон малики ду оламро ба ин хотам гирифт

Риштаи нӯронии хуршед дар сӯзан кашид

Сӯзани исо чу тарки ришта Марям гирифт

Машриқи асрор олам шуд сари пари шӯри мо

Ин сафолини косаи охири ҷои ҷом ҷам гирифт

Аз танур омад буруни тӯфон ва оламгир шуд

Хоксорон наме бояд ба даст кам гирифт

Ишқ аз хокистари мо рехти ранги осмон

Ин шарори шӯх , аввал дар дил одам гирифт

Тозаи рӯи бархӯрд бо қисмат дил хурсанд мо

Сабзаи мо файзи баҳр аз қатра шабнам гирифт

Беш азин бе пардаи ҳарфи ишқро соиб магӯӣ

Каз суханҳои ту оташ дар дил олам гирифт