Сӯхти танҳои маро эй бевафо вақтаст вақт

Гар шабии хоҳӣ шудани меҳмони мо вақтаст вақт

намеравад хат танг созад ҷо бар он кунҷи даҳан

Бӯсае гар мекунӣ дар кори мо вақтаст вақт

Зон ҳилоли хат ки занг аз дил чу сайқал май барад

Май диҳӣ ойӣнаамрогар ҷило вақтаст вақт

То напӯшидааст чашм аз зиндагии ёқӯби мо

Гар ба канъон хоҳӣ омад эй сабо вақтаст вақт

Дар чунин вақте ки мо аз хеши берун рафта ем

Гар даройӣ аз дар сулҳу сафо вақтаст вақт

Ҷони зи лаб дар фикри доман бар миён печидан аст

Гар ҳалолии хоҳӣ аз бемори мо вақтаст вақт

Гар ҳуқуқи ошноиро риоят ме кунӣ

Умр чандон нест эй ноошно вақтаст вақт

Аз ту чашм ҳимматӣ доранд аз худрафтагон

Гар ба гул поят нарафтааст аз ҳино вақтаст вақт

Бар сари болини беморони дарди интизор

Гар расонии хешро эй норасо вақтаст вақт

Беш азин мапаснд оламро сияҳ дар чашми мо

Хуши броӣ аз зери абр эй маи лақо вақтаст вақт

Дастам аз сиришта умедҳо кӯтаҳ шуда аст

Гар ба дастам май диҳии зулфи ду то вақтаст вақт

Гашти чашми устихони мо сифед аз интизор

Май гушойигар пару бол эй ҳумо вақтаст вақт

Сӯзан бедасту пои сари риштаро гум карда аст

Ҷазбаегар дорӣ эй оҳани рибо вақтаст вақт

Дасти домангиру пой рафтанаши зини дрнмонд

Раҳм кун бар соиб бедасту по вақтаст вақт