Чун кунад рӯй ту бо хати сиёҳ аз шаш ҷиҳат ?
Рӯ ба ин ойӣна овардааст оҳ аз шаш ҷиҳат
Коши сар то пой май гаштами назар чун офтоб
То ба рухсор ту мекардам нигоҳ аз шаш ҷиҳат
Каъбау бтхонаҳ эй дар олам тавҳид нест
Ошиқ икрнг дорад қиблаи гоҳ аз шаш ҷиҳат
Коҳилӣ печида дорад домани моро ба даст
Варна дорад каъбаи кӯии ту роҳ аз шаш ҷиҳат
Ҳар киро дидеми ҳайрони қад раъноӣ ӯст
Бар илм дорад назари доими сипоҳ аз шаш ҷиҳат
Ҳар ки гардад бесару по дар хами чавгони чарх
Нур аз хуршед мегирад чу моҳ аз шаш ҷиҳат
То ба кӣ дар ҷустуҷӯии оннигор бе ҷиҳат
Корвон гиря андозам ба роҳ аз шаш ҷиҳат
Чун ба талхии оқибат бар ҷой мебояд гузошт
Чанд чун занбӯрсозӣ такяи гоҳ аз шаш ҷиҳат
Нест соиби фурсати пурсидаи роҳи савоб
Дар миён дорад маро аз баси гуноҳ аз шаш ҷиҳат