Ғизолонро зи ваҳшат боз дорад дидани чашмат

Ба чархи оради заминро чун фалаки гардидани чашмат

Ба бедорӣ чаҳ хоҳад кард ёрб бо назарбозон

Ки хобонидан теғаст хобонидани чашмат

зи хӯни халқ рангинаст чандон теғи мижгонат

Ки мегардад нигорин , даст аз молидани чашмат

з бастани дидаи шаҳбоз дар фикр шикор уфтад

Кунад дар пардаи машқи дилбарии пӯшидани чашмат

Намонад дар таҳи абри сияҳи барқӣ ки шӯх уфтад

Набошад лаҳзае афзӯни нигаҳи дуздӣдани чашмат

Назари бозӣ ки чашматро ба чашми оҳӯони синҷид

Тарозуии ду сар қалбаст дар санҷидани чашмат

Ақиқӣ созад аз хӯни ҷигари симои заррин ро

Суҳайли шӯхи чашм аз ғайрат хандидани чашмат

Ҳуқуқи мардумии манзур афтодааст соиб ро

Вагарна метавонад басти чашм аз дидани чашмат