Бар дилам нест ғубории зи сияҳи кории бахт
Қонеъам бо дили бедори зи бедории бахт
Шукри ин неъмати азмӣ чаҳ тавонам кардан
Ки ба давлат нарасидам зи мададкории бахт
Шиква аз бахти гронхўоби зи кӯтаҳ назарӣ аст
Ки сбксир буд муддати бедории бахт
Аз барӯмандии зоҳири дил чун оина ро
Ғӯта дар занг диҳад ҷомаи зангории бахт
Бо ҳунари толеъ фархунда намегардад ҷамъ
Ки буд маҳзари дониши хати безории бахт
Ду се рӯзӣаст барӯмандии гулзори умед
Соя абр баҳораст ҳаводории бахт
Нест мумкин ки зи як даст садо бархезад
Ёр агар ёр набошад чаҳ кунад ёрии бахт ?
Соиби арбоби ҳаваси комрўоинди ҳама
Ҳаст махсӯс ба ушшоқи сияҳи кории бахт