Пардаи дору ҳоҷиб ва дарбон намебошад маро

Хона чун ойӣна бемеҳмон намебошад маро

Дарду софи олами имкони зи як сарчашма аст

Шиквае аз соқӣ даврон намебошад маро

Каъбау бтхонаҳ яксонаст пеши чашми ман

Санг кам дар пила мизон намебошад маро

Дар харобот таҷарруд мекунам чун ишқи сайр

Хона дар маъмура имкон намебошад маро

Тавқи ман чун қамарён аз ҳалқаи мотам буд

Хотири шоду лаб хандон намебошад маро

Ончӣ чун ойӣна дорам дар назар , нақш дил аст

Аз касе пӯшида ва пинҳон намебошад маро

Шуъларо дар покбозӣ доғ дорад ҳамтем

Хорхори орзӯ дар ҷон намебошад маро

Қонеъам бо қатраи обӣ ки дорам чун гуҳар

Чашми об аз қулзум ва Аммон намебошад маро

Неку бади як ҷилва чун ойӣна дорад дар дилам

Шиква аз чашму дил ҳайрон намебошад маро

Додаам дилро ба дасти ишқ дар рӯзи азал

Юсуф беҷурм дар зиндон намебошад маро

Ҳамчуи мижгони тири як таркиш буд афкори ман

Мисра берутба дар девон намебошад маро

Худ ба худ чун ғунчаи соиб уқдаам во ме шавад

Эҳтиёҷи нохун ва дандон намебошад маро