Рехти дандону ҳавоӣ май ва паймона баҷост
Муҳра барчӣда шуду бозӣ тифлона баҷост
Дил сиёҳаст агар гашти биногваши сифед
По агар нест баҷо , лағзиш мастона баҷост
Хорхорӣ ба дил аз умри сбкрў монда аст
Мушти хору хасӣ аз сайл ба вайрона баҷост
Асия гарчи баровард зи бунёдаши гирд
Ҳавас нашаву намо дар гиреҳ дона баҷост
Нисбати шавқ ба ҳиҷрон ва висоласт яке
Рафт айёми гулу шӯриш девона баҷост
Ёр нўхт шуду оғоз ҷунунаст маро
Шамъ хомӯш шуду гармӣ парвона баҷост
Чашми ман бар дару девори ҳарам афтода аст
Нагузоранд марогар ба снмхонаҳ , баҷост
Гарчи дар хоби гарони умр сар омад соиб
Ҳамчунон рағбати ширинӣ афсона баҷост