Ҳеҷ ҷӯянда надонист ки ҷой ту куҷост
Охир эй хонаи барандози сарой ту куҷост ?
Равзанӣ нест ки чун зарраи нҷстими туро
Ҳеҷ равшан нашуд эй шамъ ки ҷой ту куҷост
Гар вафои ту фузунаст зи андозаи мо
Охир эй дилбари бирҳм , ҷафоӣ ту куҷост ?
Ҷангу бдхўиӣу бирҳмӣ ва бе парвое
Ҳама ҳастанд ба ҷо , сулҳу сафоӣ ту куҷост ?
эй насими саҳар , эй ғунчаи гушояндаи дил
Вақт ёрӣаст , дами уқдаи гушой ту куҷост ?
Бӯсае аз лаби ширини ту эй танги шукр
Мо гирифтем нахоҳем , атоӣ ту куҷост ?
Соиб аз гирди хиҷолат шуда дар хоки ниҳон
Муваҷҷаҳи раҳмати дарёии атоӣ ту куҷост