Фараҳи обод ман онҷост ки ҷонон онҷост

Ашраф онҷост ки он сарв хиромон онҷост

Айш мо нест чу булбул ба баҳорони мавқуф

Ҳар куҷои лола рухӣ ҳаст гулистон онҷост

Гар кашад дил ба хароботи маро , маъзӯрам

Сари фориғ , дил беғам , лаб хандон онҷост

намекунад хандаи сӯфор , дил аз пайконаш

Айш фаршаст дар он хона ки меҳмон онҷост

Ҳар шабистон ки дар ӯ рӯй ърқнокӣ ҳаст

Ман длсўхтаҳро чашма ҳайвон онҷост

эй сабо дар ҳарами зулф чу муҳаррам шуда Эй

Ба адаб бош ки дилҳои парешон онҷост

Нест бе шӯри ҷунуни олами гулро намакӣ

Ман ва он шаҳр ки девона фаровон онҷост

Дил чу беишқ шавад ҳеҷ кам аз зиндон нест

Чоҳ , Мисраст агар Юсуф канъон онҷост

Дар дили мӯри зи танагӣ ба ҳақорати мангар

Ки нҳонхонаҳи иқбол сулаймон онҷост

Дили танагӣ ки дар ӯ роҳ надорад дунё

Бесухан , хилвати пинҳонӣ ҷонон онҷост

эй ки машғӯл ба санҷидани мурда шуда Эй

Даст бурдор азин кор , ки мизон онҷост

Аз сафоӣ дару девори гулистони соиб

наметавон ёфт ки он нави гул хандон онҷост