На хат аз чеҳраи он оина симо бархест
Ки дарин оина , ҷавҳар ба тамошо бархест
Шаб ки суҳбат ба ҳадиси сари зулфи ту гузашт
Ҳар ки бархест зи ҷо , силсила барпо бархест !
Кард таслим ба ман маснади битобӣ ро
Ҳар сапандӣ ки дарин анҷуман аз ҷо бархест
Ҳеҷ мастии зи пай рақс нахезад аз ҷой
Ба нишотӣ ки дилам аз сар дунё бархест
Юсуфиро ки ба ёқӯб буд рӯй ниёз
Зин чаҳ ҳосил ки харидори зи сад ҷо бархест ?
Шуд фалаки дарсадади маъракасозӣ , акнӯн
Каз дили кӯдаки мо завқ тамошо бархест
Зилли хуршеди ҷҳонтоб , мухиллад бошад !
Сояи Марям агар аз сар исо бархест
Базми равшани гуҳарони ҷой гронҷонон нест
Абр то гашти гарон , аз сар дарё бархест
Ёдгори ҷигари сӯхта маҷнӯн аст
Лолае чанд ки аз доман саҳро бархест
Бирасон зуд ба ман киштӣ майро соқӣ
Ки аҷаби абртарӣ бози з дарё бархест !
Хизри сад қофила маҷнӯн биёбоне шуд
Ҳар ғуборӣ ки азин бодия паймо бархест
Рӯҳи саргашта маҷнӯн ғуборолудаст
Гирдбодӣ ки азин доман саҳро бархест
Пои макаш аз дар дилҳо ки дарин лағзишгоҳ
Соиб аз хоки зи дарюза дилҳо бархест