Ашк лаълӣаст равон бар рух чун зар ки марост
Баҳру конро набӯд ин зару гавҳар ки марост
Ҳарфи ҳақ гарчи баландаст зи ман чун Мансур
Сардораст бсомонтри азин сар ки марост
Ҳар қадар беш хӯрам , кам нашавад хӯни ҷигар
Чашми бади даври азин бодаи аҳмар ки марост
Баҳри коҳиш буд афзоиши ман чун маи нав
Каз дили хеш буд ризқи муқаддар ки марост
Доғи болини ману дард буд бистари ман
Чун кунам хоб ба ин болашу бистар ки марост ?
Магар аз ҷозибаи ишқ ба ҷое барисам
Варна пайдост куҷо мерасад ин пар ки марост
Нест мумкин ки кунад дона ман нашаву намо
Гар раг абр шавад ҳар мижатар ки марост
Он ки ҷони ду ҷаҳонро ба нигоҳӣ нахирад
Кӣ ба чашм оядаш ин ҷони муҳақар ки марост ?
Нест дар майкадаи ишқ касеро соиб
Аз дилу чашми худ ин шишау соғар ки марост