Пардаи шаб буд айёми шабобӣ ки марост

Раг сангаст зи ғифлати раги хобӣ ки марост

Дорад аз кӯии хароботи марои мустағнӣ

Аз дилу дидаи шаробӣу кабобӣ ки марост

Нест дар ҷустани дармони дил кам ҳавсила ро

Дар талабкории дарди ту шитобӣ ки марост

Бо лаб хушк кунад шукри таровуш аз ман

Пардаи об ҳаётаст саробӣ ки марост

Чун набандам камари хасмӣ ин ҳастӣ пуч ?

Гиреҳ хотир баҳраст ҳубобӣ ки марост

Бардааст аз дили ман ваҳшати танҳоӣ ро

Бо хаёли ту саволӣу ҷавобӣ ки марост

Нест зон тарафи биногваш , дар гӯши туро

Аз тамошои рахти чашми пари обӣ ки марост

Ҳар ки афтод , зи афтодагӣ эмин гардад

Чаҳ кунад сайл ба девори харобӣ ки марост ?

Нест бо дидаи бедори тани осонон ро

Бо шкрхўоби фароғати шкробӣ ки марост

Хизрро мекунад аз чашмаи ҳайвони дилсард

Аз дами теғи шаҳодати дами обӣ ки марост

намекунад зуди ҳисоби ман ва ҳастиро пок

Ҳамчуи субҳи ин нафаси по ба рикобӣ ки марост

Накунад оташи хўнгрм агар дилсӯзӣ

Кист то хушк кунад ашки кабобӣ ки марост ?

Ъушрати насяи равшани гуҳарони нақд ман аст

Дар раг ток занад ҷӯш , шаробӣ ки марост

Рӯзии мурғи чаман аз гул шабнам зада нест

Зон изор арақ олуд гулобӣ ки марост

Чаҳ зарураст бар авроқи ҷаҳони гардидан ?

Дар назар аз дили сад пораи китобӣ ки марост

Аз шумори нафас хеш нигарадам ғофил

Ҳар нафаси нақд буд рӯзи ҳисобӣ ки марост

Нест мумкин ки нашавед зи дилами гирди малол

Соиб аз табъи равони ин лаби обӣ ки марост