Ишқи битобии зарроти ҷаҳонро сабаб аст
Зардии чеҳраи хуршеди зи дард талаб аст
Як замон бе дами гарму нафас сард мабош
Ки зи анфос , ҳамин як ду нафас мунтахаб аст
Магушо лаб ба шикарханд ки дар олами дард
Рахнаи мамлакати дил , дами субҳ тараб аст
Чун садаф ҳар ки ба дарюзаи даҳан боз кунад
Гарчи дар оби гуҳар ғӯта занад , хушк лаб аст
Дили зи бедории шаб , зинда ҷовид шавад
Чашмаи Хизри ниҳон дар таҳи домон шаб аст
Моҳу хуршед буд шамъи таҳи домонаш
Сари зулфӣ ки сияҳи рӯзии моро сабаб аст
Сабз талхӣ натавон ёфт ба ширинии ту
Гӯшаи чашми турои чошнии кунҷ лаб аст
Чаҳ кунад соиби мискини нгдозд чун мум ?
Рӯзгорӣаст ки дарбанди гарон адаб аст