Шиква аз гардиши гардуни з басират давраст

Гӯии чавгони қазо дар ҳаракат маҷбураст

Сохт ҳар захми ту лаби ташнаи захм дигарам

Оби теғи ту ҳам эй кон малоҳат шӯраст !

Хасми биҷо ба зибардастӣ худ ме нозад

Зӯдтар пора кунад зиҳ , чу камон пурзӯраст

Гавҳари шӯх , гиребони садаф пора кунад

Чарх агар тарбият мо накунад маъзӯраст

Шӯрбахтӣ чаҳ кунад бо дили сад пораи мо ?

Захми мо дар ҷигари теғи қазои носўрст

Ғӯр кун ғӯр , ки чун оина бе зангор

Зираи ҷавҳари мо зер қабо мастураст

Аз дами субҳ чу авроқи хазони анҷуми рехт

Ҳамчунон шамъ ба тоҷи зар худ мағрураст

Бештари гашт сияҳ корем аз мӯии сифед

Ҳирсро гармии ҳангома азин кофураст

Зар менадуз ки чун хонаи пар аз шаҳд шавад

Он замони вақти ҷилоӣ ватан занбӯраст

Ҳасанро малики зи беморӣ чашм ободаст

Ишқро хонаи зи вайронӣ дил маъмураст

Тобеъи мутриби трдст буд ваҷду самоъ

Чарх дар гирд буд то сар мо пуршӯраст

Маънии равшану хуршед , гул як чамананд

Фикр соиб натавон гуфт чаро машҳураст