Ишқ ҳар чанд ки дар парда буд машҳураст

Ҳасан ҳар чанд ки бепарда буд мастураст

Ҳар ки аз чоҳи занхдони ту солим гузарад

Гар буд соҳиби сад дидаи равшан , кӯраст

Буд аз захми забони хори биёбони ҷунун

Намаки моидаҳи ишқи з чашм шӯраст

Ҷигар дидани айбу ҳунари хеши крост ?

Зишт агар пушт ба ойӣна кунад маъзӯраст

намедиҳад қатрау сайлоб иваз ме гирад

Шӯҳрати баҳр ба ҳиммат ғалат машҳураст

Ба сухани даъвии ҳақро натавон барад аз пеш

Ҳар ки сар дар сари ин кор кунад Мансураст

Сипарӣ зуд шавад зиндагии тан парвар

Зӯдтар пора кунад зиҳ чу камон пурзӯраст

Ҳасан аз дидан ойӣна намегардад сайр

Оби сарчашмаи ойӣна ҳамоно шӯраст

Як кафи хоки зи бедоди фалак бехӯн нест

Гар шикофанд ҷигаргоҳи замин як гӯраст

Сирӣ аз шӯр сухан нест дили соиб ро

Тишнагӣ беш кунад об чу талх ва шӯраст