Дили зи холи лаби манзур гирифтан ситам аст

Донаро аз даҳани мӯр гирифтан ситам аст

Хӯни худ мо ба ду чашм ту намудем ҳалол

Бода аз мардуми махмур гирифтан ситам аст

Сухани тнгдлонро набӯд поу сиррӣ

Хурда бар ғунчаи мастур гирифтан ситам аст

Дар танурӣ чаҳ нафаси рости намояди тӯфон ?

Сари ин бодаи пари зӯр гирифтан ситам аст

Шӯр бошад намаки маҳфили мо бодаи кашон

Бар ҷароҳати раҳи носур гирифтан ситам аст

Ба қадаҳ даст макун пеши хами бодаи дароз

То буд меҳр , зи маи нур гирифтан ситам аст

Ишқ дар ақли тиҳии мағзи абас печида аст

Панҷа бо мардум безӯр гирифтан ситам аст

Гарчи зарфи сухан ҳақ набӯд мардум ро

Даҳани ҷуръати Мансур гирифтан ситам аст

Дар чунин вақт ки аз дасти ту май резади об

Даст бар оташам аз давр гирифтан ситам аст

Дуздро дор кунад рост , тараҳҳум макунед

Ки Асоро зи кафи кӯр гирифтан ситам аст

Захм дар кони намак куҳна нагардад соиб

Дили азин олами пари шӯр гирифтан ситам аст