Базми олами зи дили хӯн шуда мо гарм аст
Маҷлиси айш ба як шишаи саҳбо гарм аст
Ки гузаштааст азин бодияи дигар , комрўз
Май ҷаҳди набзи раҳу синаи саҳро гармаст ?
Сард шуд маъракаи олам ва чун бихброн
Ҳамчунон дар сари мо завқи тамошо гарм аст
Чун чароғи саҳарии по ба рикоб сафараст
Сар ҳар кас ки зи кайфияти саҳбо гарм аст
Раҳрави ишқ маҳоласт з по биншинад
Пушти ин мавҷи сбксир ба дарё гарм аст
Субҳи маҳшари зи ҷигари сад нафас сард кашид
Ҳамчунон бистарам аз оташи савдо гарм аст
Гирдбодаш ба назари ҷилва фонӯс кунад
Бас ки аз нолаи ман домани саҳро гарм аст
Рег аз мавҷ баровард ба зинҳори ангушт
Бас ки маҷнӯни марои нақши кафи по гарм аст
Файзи мо чун нафаси субҳ буд оламгир
Ҳамчуи хуршеди сари олимӣ аз мо гарм аст
Гули з шабнам натавонист арақ кардани хушк
Бас ки дар кӯии ту бозори тамошо гарм аст
Дорад аз ҳалқаи худ наъл дар оташи шабу рӯз
Бас ки дар сайди дили он зулфи чилипо гарм аст
Гарчи шуд ҳар сари мӯии ту чу кофури сифед
Аз таби ҳирси турои бози саропо гарм аст
Аз сумумаст агар гармии саҳрои соиб
Ҷигари сӯхтагон аз нафаси мо гарм аст