Барқи хошоки гунаҳ , рӯза тобистон аст
Дӯди ин оташи ҷонсӯз ба аз райҳон аст
наметавон ёфт зи сӣ пораи моҳи рамазон
Ончии зи асрори илоҳии ҳама дар қуръон аст
Ҳаст дар ғунчаи лаби бастаи ин моҳи ниҳон
Гулистонӣ ки насимаши нафас раҳмон аст
Машав аз иззати ин меҳри илоҳии ғофил
Ки дарин меҳр бе ганҷи гуҳар пинҳон аст
Моҳи рӯе ки шаби қадар буд як холаш
Дар саропардаи моҳи рамазон пинҳон аст
Мекунад рӯзаи моҳи рамазони умри дароз
Мади анъоми дарин дафтар ва ин девон аст
Ғифлат аз тишнагӣу гуруснагӣ кам гардад
Ки лаби хушк бар ин банди гарон савҳон аст
Бош бо қади ду то ҳалқаи ин дар соиб
Ки муроди ду ҷаҳон дар хами ин чавгон аст