Кавсари зиндаи дилии чашмтар мардон аст
Дили пари обилаи дарҷи гуҳар мардон аст
Субҳи иқболӣ агар дар уфуқ имкон ҳаст
Рахнаи синау чоки ҷигар мардон аст
Дар масофӣ ки занад мавҷи балои ҷавҳари теғ
Теғ аз даст фикандани сипар мардон аст
Ҳар сиррӣ дар хури иқбол , кулоҳӣ дорад
Сояи дори фанои тоҷи сар мардон аст
Сафари аҳли ҷаҳон дар талаби ком буд
Аз сари коми гузаштани сафар мардон аст
Ҳар парешони сафарӣ роҳнамоӣ дорад
Завқ бепоу сиррии роҳбар мардон аст
Кист хуршед ки аз файзи назар лоф занад ?
Чарх ӯ ҳалқа ба гӯши назар мардон аст
Лаълу ёқӯт ба ноқиси гуҳарони арзонӣ
Покии зоҳиру ботини гуҳар мардон аст
Нақд ҳар тайифае дар хур ҳиммат бошад
Осмони домани пари симу зар мардон аст
Чун сари дори зи дастори гузаштан саҳл аст
Ҳар ки сар дод дарин роҳ , сар мардон аст
Серумаро чун ба шабистони назар бор диҳанд ?
Гирди ғами чашм ба роҳи назар мардон аст
Осиёи фалаку гирди ҳаводис дар вай
Нусхае аз сари пари шӯру шар мардон аст
Чарх , себӣаст ки тифлӣ ба ҳаво афканда аст
Дар мақомӣ ки урӯҷи назар мардон аст
Доғӣ аз синаи ушшоқ гадоӣ дорем
Чун нахоҳем чароғӣ , гузар мардон аст
Дар мақомӣ ки сухан аз ҳунар ва айб кунанд
Айби худ фоши намӯдани ҳунар мардон аст
Мурда рафтам ба харобот , масеҳои гаштам
Ин чаҳ файзаст ки бо бум ва бар мардон аст
Ба таҳи бори гаронсанги амонати рафтанд
Кӯҳ дар тоби зи тоби камар мардон аст
Об дар дидаи хуршеди фалаки гардондан
Чашмаи кории зи фурӯғи гуҳар мардон аст
Қисмати мардум бидрд нагардад ёрб !
Доғи носур ки ризқи ҷигар мардон аст
Кафи хокистар соиб нашавад чун эксир ?
Рӯзгорӣаст ки хоки гузар мардон аст