Дили пари доғи гулистон саҳархезон аст
Нафаси сӯхтаи райҳон саҳархезон аст
Оҳи сардӣ ки бароранд шаб аз синаи гарм
Шамъи кофури шабистон саҳархезон аст
Дида аз моидаҳ рӯй замин дӯхта анд
Хӯни дил , неъмати алвон саҳархезон аст
Сабз чун Хизри зи чашм гҳроФшон худанд
Чашмтар чашмаи ҳайвон саҳархезон аст
Шаби торик ки дар чашми ҷаҳон майл кашад
Серумаи дидаи ҳайрон саҳархезон аст
Офтобӣ ки буд эмин аз осеби завол
Фарш дар кулбаи вайрон саҳархезон аст
Чамани сабзи фалак бо ҳамаи гулҳои нуҷум
Тоза аз дидаи гирён саҳархезон аст
Гӯии заррини мау меҳри дарин сабзи чаман
Рӯзу шаб дар хами чавгон саҳархезон аст
Офтобӣ ки буд чашму чароғи олам
Хаҷал аз чеҳраи тобон саҳархезон аст
Чашми давлат ки ба бедори дилӣ машҳур аст
Нусхаи хоби парешон саҳархезон аст
Хаймаи беруни зи саропарда суккон зада анд
Осмони маркази даврон саҳархезон аст
Дили пари обилау дидаи пари қатраи ашк
Садафи гавҳари ғалатон саҳархезон аст
Хат кашӣдан ба ду олами зи хдоҷўииҳо
Мади бисмии аллоҳи девон саҳархезон аст
Гӯшаи дил ки буд тангтар аз дидаи мӯр
Арсаи малики сулаймон саҳархезон аст
Лайлатаи алқдр ҷаҳон дорад агар субҳдамӣ
Чеҳраи тозаи хандон саҳархезон аст
Ҳар чароғӣ ки кунад хираи назарро нураш
Равшан аз синаи сӯзон саҳархезон аст
Ҳосил ҳар ду ҷаҳонро ба фақирӣ додан
Резиши саҳлӣ аз эҳсон саҳархезон аст
Обашон гарчи буд хӯни ҷигар , нони лаби хушк
Олимии реза хур хон саҳархезон аст
Машав аз аси дили нозуки эшон ғофил
Ки асари гӯш ба афғон саҳархезон аст
Хомаш аз шиква чарханд ки ҳамчун хотам
Гардиши чарх ба фармон саҳархезон аст
Нест мумкин ки гузоранд ба бистари паҳлу
Шавқ то силсилаи ҷунбон саҳархезон аст
Чаҳ аҷабгар ба дуоеи дили шаб ёд кунанд
Соиб аз ҳалқа бигӯашон саҳархезон аст