Сайли дармондаи кӯтоҳии девор ман аст
Бе саранҷомии ман хонаи нигаҳдор ман аст
намекунад кори насими саҳарӣ бо дили ман
Хомшӣ гарчи ба зоҳири гиреҳи кор ман аст
Чун нашуд пеши шукри сабз чу тӯтии суханам
Зин чаҳ ҳосил ки ҷаҳони волаи гуфтор манаст ?
Чашмаеро ки Сикандар ба дуо ме талабед
Шабнами сӯхтаи чеҳраи гулзор ман аст
наме тавонам сари тӯмори шикоят во кард
Арақи шарми ту меҳри лаби изҳор ман аст
Дӯстони оинаи сӯрати аҳволи ҳманд
Ман хароби туаму чашми ту бемор ман аст
Манам он оинаи хотир ки раги хоби ҷаҳон
Ҳамчуи мижгон ба кафи дидаи бедор ман аст
Нест ойӣнаи бенаии ман айби намо
Ба чаҳ тақсири фалак дар паии озор манаст ?
Дар хароботи ман он бодаи пурситами соиб
Ки раги талхӣ май риштаи зуннор ман аст