Монеъи мастии ғифлати дили ҳушёр ман аст

Подшоҳи шаби ман дидаи бедор ман аст

намесупоранд ба ҳам даст ба дасти атфолам

Шӯри маҷнӯни хаҷал аз гармии бозор ман аст

Ҳар ки афтодаи зи худ пеши з ваҳшат задагон

Дар биёбони талаби қофилаи солор ман аст

Хасмро мекунам аз роҳи таназзули мағлуб

Сайли хунини ҷигар аз пастии девор ман аст

Лаби хамёзаи ман бози з гуфтор шавад

Меҳри хомӯшии ман соғари саршор ман аст

Чун фалохани з гаронӣаст марои даври нишот

Ҳар ки борӣ наниҳад бар дили ман бор манаст !

Хатар аз лағзиш по нест маро дар мастӣ

Торами ток ба сад дасти нигаҳдор ман аст

Камари хизмати бут бастаам аз риштаи ҷон

Сад гиреҳ дар дили тасбеҳи зи зуннор ман аст

намекунад домани саҳрои қиёмати танагӣ

Ба сиришкӣ ки гиреҳ дар дили аФгор ман аст

Ҷӯй хӯн мекунад аз нохуни алмоси равон

Гиреҳӣ чанд ки аз зулфи ту дар кор ман аст

Қуфл , мифтоҳ дар баста нагардад ҳаргиз

Лаби хомӯши ту меҳри лаби изҳор ман аст

Гарчи озор ба мӯрӣ напасандам соиб

Ҳар киро менагарм дар паии озор ман аст