Шӯри дарёии сухан аз дили пари ҷӯш ман аст
Қуфли ганҷинаи маънии лаби хомӯш ман аст
Маънии бикр ки дар парда ғайбаст ниҳон
Бе такаллуфи ҳамаи шаби танг дар оғӯш ман аст
Ҳар хаёлӣ ки ба он аҳли сухан фахр кунанд
Дар шабистони сухан , хоби фаромӯш ман аст
Чарх дӯдӣаст ки аз хирмани ман хостаҳ аст
Хок гардӣаст ки афшондаи попуш ман аст
Осмони ҳалқаи фитрок буд сайди маро
Ломакони манзили саҳли сафари ҳуш ман аст
Чархи нилӣ ки ба равшан гуҳарӣ машҳураст
Чун ба маънинигарӣ , нили биногваш ман аст
Коса дар хӯни ҷигар май занам ва май нӯшам
Хӯни Мансури мизоҷон май кам ҷӯш ман аст
Чеҳра парда нишинон фалак , маҳтобӣ аст
Зон чароғӣ ки ниҳон дар таҳи сарпӯш ман аст
Суфиёнро сухани ман ба самоъ оварда аст
Хами майхонаи ваҳдати дили пари ҷӯш ман аст
Хишт аз мастии ман чун хам май ме ҷӯшад
Дару девори дарин майкадаи биҳуш ман аст
Дар харобот ризо нашав ва намо ёфта ам
Дарди майхонаи қисмат май срҷўш ман аст
Аз қабои хирқа , зи дастори калла сохта ам
Нофаи хунини ҷигар аз фақри қбопўш ман аст
Зоҳидӣ нест ба айёрии ман дар олам
Ин радо , парда гилӣмӣаст ки бар дӯш ман аст
Ҳалқаи бандагии ишқ буд дар гӯшам
Чашми бади даври азин ҳалқа ки дар гӯш ман аст
Бе ҳам овоз , нафаси серума гуфтор шавад
Варна шӯри ду ҷаҳон дар лаби хомӯш ман аст
Нарасад чун сухани ман ба ду олами соиб ?
Ишқро дасти навозиш ба сари дӯш ман аст