Нафаси сӯхтаи шамъи сари болин ман аст
Меҳри хомӯшии ман ҷоми ҷаҳони байн ман аст
Теғ чун беди зи ҷони сахтӣ ман ме ларзад
Мавҷ бе боли впр аз лангари тамкин ман аст
Бар дилами гирди ятемӣ чу гуҳар нест гарон
Ъушрат рӯй замин дар дили ғамгин ман аст
Лангар аз хеш саранҷом диҳад киштии ман
Пилаи хоб , гарон аз дили сангин ман аст
Ҳасан аз тарбият ишқ шавад ъолмсўз
Сурхӣ рӯй гул аз нағмаи рангин ман аст
Хоҳад аз нақш ба наққоши расониди маро
Иттиҳодӣ ки дар ойӣнаи ҳақи байн ман аст
Баҳр аз панҷа марҷон напазирад ором
Носеҳ аз содаи дилӣ дар паии таскин ман аст
Шудаам хонаи дарбастаи зи ҳайрати соиб
намехӯрд хӯни худ он кас ки сухани чин ман аст