Ақл нахлӣаст хазони дида ки мотам бо ӯст

Ишқ сарвӣаст ки сарсабзии олам бо ӯст

Ҳар ки дар маърака бо ҷавҳари зотӣ чун теғ

Рӯзгораш ба хамӯшӣ гузарад , дам бо ӯст

Осӣиро ки сарукор ба дӯзах бошад

Дар биҳиштаст , агар дидаи пари нам бо ӯст

Дили сўдоздаҳро васл наёвард ба ҳол

Чаҳ кунад ид ба он кас ки муҳаррам бо ӯст ?

Дил ҳар кас ки дар он зулф парешон овехт

наметавон гуфт ки сарриштаи олам бо ӯст

Ҳар ки зад меҳр хамӯшӣ ба лаб чун ва чаро

Гарчи мӯраст дарин доираи хотам бо ӯст

Намаки ишқ ба бедард ҳаромаст ҳаром

Ҷой раҳмаст бар он захм ки марҳам бо ӯст

Бо ғами ишқи ғами олами фонӣ ҳеҷ аст

Ғам олам нахурд ҳар ки ҳамин ғам бо ӯст

Ҳар ки чун сӯзани урёни мижа бар ҳам назанад

наметавон ёфт ки сарриштаи олам бо ӯст

Сайқали оинаи ҳасан буд дидаи пок

Рӯй гули тоза азонаст ки шабнам бо ӯст

Ҳар ки соиби зи бади хеш пушаймон нашавад

Тухм деваст агар сӯрати одам бо ӯст

Ҳар ки соиб накушуд дар дили худ оташи ҳирс

Гарчи дар боғ биҳиштаст ҷаҳаннам бо ӯст