Чашми бедор чароғӣаст ки дар манзил ӯст
Дили битоб сапандӣаст ки дар маҳфил ӯст
Шиква аз тнгдлии шева огоҳон нест
Ки футуҳоти ҷаҳон дар гиреҳ мушкил ӯст
Ишқи фориғи зи ғаму дард гирифторон нест
Рахна дар сина ҳар кас ки фитад дар дил ӯст
Коми дунёии сбкрў ба худаш ме монад
Моҳии рики равони муваҷҷаҳ биҳосл ӯст
Ишқ баҳрӣаст ки чун бар сар тӯфон ояд
Даст шустани зи матоъи ду ҷаҳон соҳил ӯст
Даст дар гардани дилҳои парешон дорад
Он ки аз теғи тағофули ду ҷаҳон бсмл ӯст
Соликони раҳи таҳқиқ нишоне доранд
Ҳар ки моил ба ду олам набӯд моил ӯст
Фурсати нақл макон нест буруни зини олам
Ҳар ки ҳар ҷо фитад аз пой , ҳамон манзил ӯст
Ҳар ғуборӣ ки сар аз по нашносад соиб
наметавон ёфт ки дунболаи рӯ маҳмил ӯст