Ҳар ки аз ҳамди ту хомӯш нагардад дам азуаст
Ҳар ки дар ҳалқаи зикри ту буд хотам азуаст
Хати паймона муҳӣтаст ба асрори ҷаҳон
Ҳар ки дар олам обаст ҳама олам азуаст
Ғофил аз поси нафас ҳар ки нагардад чун субҳ
Рӯй хандон , дами ҷони бахш , дил беғам азуаст
Нест ҷузи ҷабҳаи вокрдаҳи арбоби карам
Гули абрӣ ки гулистони ҷаҳон хуррам азуаст
Дар кафи хок агар ришта умедӣ ҳаст
Хорхорӣаст ки дар ҷон банӣ одам азуаст
Об шамшер гуворост агар ӯ соқӣ аст
Мади анъом буд захм агар марҳам азуаст
Мо лаби хушк ба сарчашма ҳайвон надиҳем
Кин суфолӣаст ки хӯн дар дили ҷом ҷам азуаст
Даст холӣаст чу мизони зи ду сари қисмати мо
Моя аз ҳар ки буд , суди ду олам ҳам азуаст
Ҳаваси малики сулаймони гиреҳӣ бар бодаст
Қомат ҳар ки хам аз саҷда шавад , хотам азуаст
Чаҳ аҷаби қомат агар рост насозад соиб
Ишқ дардӣаст ки дар пушти фалакҳо хам азуаст