Банду зиндони гиромии гуҳарон аз ҷоҳ аст

Юсуфи мо ба азизӣ чу расад дар чоҳ аст

Расатон аз сухан хеш нигараданд ба теғ

Шамъ то кушта шудан бо ҳамаи кас ҳамроҳ аст

Ҳар қадари ҷома ӯ бар қад сарваст дароз

Ҷомаи сарви сеӣ бар қад ӯ кӯтоҳ аст

Ба чаҳ умед касе аз ватан ояд берун ?

Манзили аввали Юсуф чу дарин раҳ чоҳ аст

Холи шбрнг бар он гӯшаи абрӯи соиб

Орифонро ба назари нуқтаи бисми аллоҳ аст