Умри саргармии арбоби ҳавас кӯтоҳ аст

Риштаи зиндагии шуълаи хас кӯтоҳ аст

Бар гирифтории худ сахт дилам ме ларзад

Доми пари рахнау девори қафас кӯтоҳ аст

Чашм дорам ки дарин ҳафта худогир шавад

Дузди маънӣ ки азуи дасти асас кӯтоҳ аст

Оқил аз душмани оҷиз ба муҳобо гузарад

Машав эй оинаи эмин ки нафас кӯтоҳ аст

Ақл чӯбӣаст ки ҳар Тифл савораст бар ӯ

Ишқ шохӣаст каз ӯ дасти ҳавас кӯтоҳ аст

Дар риёзӣ ки манам нағмаи сароиши соиб

Серумаро дасти таъаддии зи нафас кӯтоҳ аст