Ҳар қадами суст кӣ аз водии мо огоҳаст ?
Дами шамшери фанои ҷодаи ин роҳ аст
Лаб беоҳ ба мотмкдаҳ гардун нест
Ин на хатаст ба даври лаби соғар , оҳ аст
Гарчи зоҳир ба сари зулф наме пардозад
Аз парешонеи ман мӯӣ ба мӯӣ огоҳ аст
Дар раҳи ишқ касеро хабар аз манзил нест
Хизри ин бодия чун реги равон гумроҳ аст
Хаст чарх ки сад ҷома атлас дорад
То ба ҳаддӣаст ки пероҳани Юсуф чоҳ аст
Соиби имрӯзи туе зи аҳли сухани қадршинос
Ки ба ғайр аз ту зи миқдори сухан огоҳаст ?
Соиб аз қофилаи ишқи мадад май талабад
Юсуфи табъ ки умрӣаст асир чоҳ аст