Ҳар тараф рӯй наҳй бодаи ҷон рехта аст
Ин чаҳ файзаст ки дар дайри Муғон рехта аст
Ҳар куҷои фохта Эй ҳаст дарин сабзи чаман
Бол дар ҷустан он сарви равон рехта аст
Саҳл машумор адуро ки мукаррар дар разм
Даҳани теғи ман аз оби равон рехта аст
Нахл шамъаст хазони дида ва аз икрнгӣ
Боли парвона чу авроқи хазон рехта аст
Дар биёбони талаби роҳбарӣ ҳоҷат нест
Гавҳари обила чун реги равон рехта аст
Ғами худ хури ту ки дар кулбаи мо бе баррагон
Барг айшаст ки чун барги хазон рехта аст
Нигаронам ки чисони пои гузорам ба замин
Бас ки ҳар сӯи дилу чашми нигарон рехта аст
Ҳеҷ ҷо нест ки дар хок набошад теғӣ
Бас ки бар рӯй замини теғи забон рехта аст
Чун ба домани нкшми пой , ки дар домани хок
Ҳар ҷо пой наҳй шираи ҷон рехта аст
То ту шерозааш аз тӯли амл май созӣ
Дафтари умр чу авроқи хазон рехта аст
Сафҳаи хоки саросари шкрстон шуда аст
Калаки соиби шукр аз баси зи баён рехта аст