Ҳамчуи занҷир ба ҳам нолаи мо пайваста аст
Шӯри ин силсила то рӯзи ҷазо пайваста аст
Шарти ҳамроҳии мо бе хабарони тарк худӣ аст
Ҳар ки аз хеш гусастааст ба мо пайваста аст
Нест чун қофилаи реги равони оромиш
Ба заминӣ ки рагу решаи мо пайваста аст
Чун гиреҳ ҳар ки сар аз ҷайб наёрад берун
наметавон ёфт ба он банди қабо пайваста аст
Нест гӯши шунавои гумшудагонро , варна
То ба манзили ҳамаи ҷои бонг даро пайваста аст
Зуд чун сояи з идбор шавад хок нишин
Давлат ҳар ки ба иқболи ҳумо пайваста аст
Ба чаҳ умед ба он зулф кунам чашми сиёҳ ?
Чун гиреҳ , дона ба ин доми бало пайваста аст
Даврии зарраи ночизи зи кӯтаҳ назарӣ аст
Варна хуршед ба ҳар зарраи ҷудо пайваста аст
Гарчи парвонаи мо ҳалқаи беруни дуруст
Риштаи шамъ ба болу пари мо пайваста аст
Манзили сайли гаронсанг буд синаи баҳр
Нашавад харҷи раҳи он кас ки ба мо пайваста аст
Мӯшикофон ҷаҳонанд чу сӯзани ҳайрон
Ки сарриштаи ҷонҳо ба куҷо пайваста аст
Бар сари теғи ту ушшоқ чаро хӯн накунанд ?
Ин раги абр ба дарёии бақо пайваста аст
Беқаноат натавон шуд зи съодтмндон
Устихони бандии давлат ба ҳумо пайваста аст
Нест мумкини яке аз ҷумла мардон нашавад
Соиби он кас ки ба мардони худо пайваста аст