Хати сабзӣ ки ба гирди лаб ҷонон гашта аст
Пай Хизраст ки бар чашма ҳайвон гашта аст
Чеҳраи нави хати мо рӯй ма канъонӣ аст
Ки кабӯд аз асари силӣ ихвон гашта аст
Тамаъи раҳм азон душман имон зудаст
Ки ба теғи хати бирҳм мусулмон гаштааст ?
Вой бар ошиқи бечора ки ҳар ҳалқаи хат
Гирди рухсора ӯ чашм нигаҳбон гашта аст
Моҳ аз ҳолаи сари худ ба гиребон барда аст
То хати сабз ба гирди рух ҷонон гашта аст
Хат ки арбоби ҳавасро рақам навмидӣ аст
Мади эҳсони ман бесар ва сомон гашта аст
Ба сафи маҳшар агар рӯй наад ме шаканд
Лашкари ҳасани ту ҳар чанд парешон гашта аст
Соиб аз мива ҷинат нахурд об , дилаш
Дида ҳар ки бар он себ занхдон гашта аст