Раги ҷонҳо ба дами теғи адам пайваста аст

Зуд бар бод равад ҳар чаҳ ба дам пайваста аст

Устувории тамаъ аз умри сбксири мадор

Каз ду сар , риштаи ҷонҳо ба адам пайваста аст

Чун қалам гарчи ҷудо гашта марои банд аз банд

Шкрллаҳ ки дами ман ба қадам пайваста аст

Нисбати оҳӯӣ Ром карда ва саҳро дорад

Гар ба зоҳири тану ҷон ҳар ду ба ҳам пайваста аст

Бар мадор аз қадами теғи шаҳодати сари хеш

Кин раги абр ба дарёии карам пайваста аст

Ҳаст бо новаки мижгони ту зӯри ду камон

То ду абрӯии баланди ту ба ҳам пайваста аст

Оҳи шерозаи ҷамъияти авроқ дил аст

Ки сафи орои лашкар ба илм пайваста аст

Нашавад як ҷаҳонро дару девори ҳиҷоб

Ҳар куҷо ҳаст брҳмн ба санам пайваста аст

Чун кунам фикри раҳоӣ , ки маро бар пайкар

Доғ чун ҳалқаи занҷир ба ҳам пайваста аст

Нест мумкин ки равад чини зи ҷабинаши соиб

Ҳар ки чун сикка ба динору дирам пайваста аст