Ҳар киро менагарм сӯхтаи ҷон афтода аст
Ин чаҳ барқаст дарин лолаи ситон афтодааст ?
Нест мумкин ки ба хуршед дурахшон нарасад
Ҳар ки чун қатраи шабнами нигарон афтода аст
Ҳоли мо раҳравони обила пое донад
Ки нафаси сӯхта дар реги равон афтода аст
Аз нҳонхонаҳи гавҳар чаҳ хабар хоҳад дошт ?
Хасу хорӣ ки зи дарё ба карон афтода аст
эй ки дар каъбаи хабар аз дили мо май гирӣ
Рӯзгорӣаст ки дар дайри Муғон афтода аст
Зуд бошад сари худ дар сари ин кор кунад
Чун қалам ҳар ки ба дунболи забон афтода аст
Дар сари кӯии ту эй анҷумани орои баҳор
Чеҳраи зард чу авроқи хазон афтода аст
Вусъати доираи машраб мо ме донад
Ҳар ки чун нуқтаи марказ ба миён афтода аст
Ҷӯад кун каз даҳани холии мӯрӣ бисёр
Рахна дар малики сулаймони замон афтода аст
Ҷисми мо бар сари ин умри сбкрўи соиб
Барг сабзӣаст ки дар оби равон афтода аст