Аз шукри хандаи ?ути оташ ба ҷаҳон афтода аст

Ин чаҳ шӯраст ки дар олами ҷон афтодааст ?

Нест дар ҷозибаи ишқи марои кӯтоҳӣ

Пилаи нози ту бисёр гарон афтода аст

Гарчи аз ноз муқӣмаст ба як ҷои доим

Ҳамаи ҷои сояи он сарви равон афтода аст

Нест мумкин ки чакидан наравад аз ёдаш

Арақ аз бас ки ба рӯяти нигарон афтода аст

Файзи хуршеди ҷҳонтоби зи баси ом шуда аст

Зарра аз ҳастӣ ноқис ба гумон афтода аст

Тоқи абрӯии ту дар ҳалқаи оҳӯи чашмон

Суст аҳдаст вале сахти камон афтода аст

Дрнёид ба бағали хирманаш аз бисёре

Гарчи шукри лаби ман мӯри миён афтода аст

Бо лаби ташнаи зи кавсар ба тағофул гузарад

Ҳар киро оташ рӯй ту ба ҷон афтода аст

Ғунчаи манишин , гиреҳи хотир айём машав

Ду се рӯзӣ ки ҳаво бол фишон афтода аст

Ғифлат перем аз аҳди ҷавонӣ пеш аст

Хоби айёми баҳорам ба хазон афтода аст

Аз лабаши ҷои сухани ақди гуҳар май резад

Ҳар ки соиб чу садафи поки даҳон афтода аст