То хат аз лаъли гуҳарбори ту сар бар зада аст
Риштаи оҳӣ ки сар аз дил гавҳар зада аст
Холи густохи ту чун лолаи ҷигари сӯхта Эй аст
Ки саропардаи худ бар лаб кавсар зада аст
Рӯй ӯ дида гудозаст вагарнаи нигаҳам
Ғӯта дар чашмаи хуршед мукаррар зада аст
Дасти кӯтоҳи марои силсилаи ҷунбон шуда аст
Шона то даст дар он зулф мънбр зада аст
Чаҳ хаёласт ки хомӯш тавон кард маро ?
Ишқ бар оташи ман доман маҳшар зада аст
Номаи шикваи ман бас ки ғуборолудаст
Тири хокӣ ба пару бол кабӯтар зада аст
Дар ҷигари гиряи афсӯси марои шишаи шикаст
То киро бози фалаки санг ба соғар зада аст
Хомшӣ нест ҳарифи дили пари рахнаи ман
Меҳр аз мум ки бар равзан миҷмар задааст ?
Ки гузаштааст азин бодия , каз риштаи ашк
Домани дашти ҷунуни сафҳа мстр задааст ?
Дили нафаси сӯхта аз сина бурун ме ояд
Чашми шӯх ки дигар ҳалқа бар ин дар задааст ?
Соиб аз вазъи ҷаҳон дар дили ман обила Эй аст
Ки мукаррар ба фалаки хайма баробар зада аст