Ин на ғунчааст ки гулзор ба бор оварда аст
Ки ба мо номаи сарбастаи з ёр оварда аст
Булбулонро ба сари машқи ҷунун май орад
Хати сабзӣ ки биногваш баҳор оварда аст
намекунад дидаи нзоргёнро равшан
Нусхаҳоӣ ки баҳор аз рух ёр оварда аст
наметавон ёфт зи буии хуши боди саҳарӣ
Ки шабихун ба сари зулф нигор оварда аст
То ки дорад сари гулгашти гулистон , ки баҳор
Аз гули сурх , тибқҳои нисор оварда аст
Кӯҳро сар ба биёбон диҳад аз тоби камар
Хўшхромӣ ки маро бар сар кор оварда аст
Нест мумкин ки ба пероҳан Юсуф нарасад
Дида ҳар ки чу ёқӯб ғубор оварда аст
На ҳамин дори зи Мансури барӯманд шуда аст
Ишқ бисёр азин нахл ба бор оварда аст
Гӯшае ҳар ки азин олам пуршӯр гирифт
Киштии хеши зи дарё ба канор оварда аст
Дам нашимурда маҳоласт براردи соиб
Ҳар ки дар хотири худ рӯз шумор оварда аст