Дил ба як оҳи саросари рӯи мижгон шуда аст

Мағзи ин нофа ба як атсаи парешон шуда аст

Бед гул мекунад аз партави соҳиби назарон

Сари дор аз сари Мансур ба сомон шуда аст

Ҷамъ чун ғунча ба шероза маҳшар нашавад

Мағз ҳар кас ки зи буии ту парешон шуда аст

Дили ошиқ чаҳ ғам аз ашк дамодам дорад ?

Киштии Нӯҳ , хроботии тӯфон шуда аст

Гул рӯй ту ки сар панҷа задӣ бо хуршед

Аз хати сабз , чароғи таҳи домон шуда аст

Сипари ҳодисаи чарх буд рӯй кушод

Захм камтар хӯрд он писта ки хандон шуда аст

Дил саргаштаам аз шавқи шабистони адам

Гирдбодӣаст ки муштоқи биёбон шуда аст

Соиби имшаби сухани он лаб мегаван ме гуфт

наметавон ёфт ки аз тавбаи пушаймон шуда аст