Дилам аз касрати пайкони ту оҳан шуда аст
Танам аз новаки длдўзи ту ҷавшан шуда аст
Мижа аз партави рухсори ту заррин гардад
Ин чароғ аз нафаси гарм ки равшан шудааст ?
Пунба аз доғи дили хеш ки бардошт , ки боз
Домани дашти ҷунуни водии эмин шудааст ?
Дар биёбони ҷунун , чашм ба ҳар ҷо фиканӣ
Донаи обилаи мост ки хирман шуда аст
Дар таманнои ту эй қиблаи арбоби ниёз
Каъбаи саргаштатар аз санги фалохан шуда аст
Чошнӣ аз лаби шукри шикан ӯ дорад
Фикри соиб ки сазовори шунидан шуда аст