Тарҷумони дили соҳиби назарон хомӯшӣ аст

Ҳуҷҷати нотиқи комили ҳунарон хомӯшӣ аст

Рахнаи офати маъмура дил гуфтораст

Меҳри ганҷинаи равшани гуҳарон хомӯшӣ аст

Хомшии лангари ором буд дилҳо ро

Камари ваҳдати ин симброн хомӯшӣ аст

Шоҳиди равшании дил , нафас сӯхта аст

Серумаи дидаи болиғи назарон хомӯшӣ аст

Кафи дарёии гҳрхизи назар , гуфтораст

Лангари киштии чашми нигарон хомӯшӣ аст

Ҳарф , нахлӣаст ки дар шореъи ом афтода аст

Рӯзии хосса бебарг ва барон хомӯшӣ аст

Завқи гуфтори насиб дгарон ме бошад

Боғи дарбастаи хунини ҷгарон хомӯшӣ аст

Сайри дил белаб хомӯш надорад паргор

Нуқтаи марказ бепоу сарон хомӯшӣ аст

Ончунон коинаҳро пунба кунад пок аз гирд

Сайқали синаи равшани гуҳарон хомӯшӣ аст

Чанд машғӯл тавон шуд ба сухани пардозӣ ?

Соиби ойӣнаи комили назарон хомӯшӣ аст