Мояи парвариши олами асбоб яке аст

Боғ ҳар чанд ба сад ранг буд об яке аст

Лутф чун қаҳри марои зер ва зибр ме созад

Нисбати сайл ба ин хонау маҳтоб яке аст

Маҳв дидор надорад хабар аз лутфу итоб

Чашм ҳайрат задагонро намаку хоб яке аст

Ғофил аз мастии ҳасании зи ҷгрсўхтгон

Доғ дар чашми туу лолаи сероб яке аст

Чаҳ кунам оҳ ки дар дида бе парвоён

Сабри ойӣнау битобии симоб яке аст

Аҷз ва қудрат нашавад монеъи бибокии ишқ

Хонаи шоҳу гадо дар раҳи сайлоб яке аст

Қонеъ аз қомат ёраст ба хамёзаи хушк

Бахти оғӯши ману толеъи миҳроб яке аст

Дили сўдоздаҳро моя саргардонӣ аст

Ҳалқаи чашми туу ҳалқаи гирдоб яке аст

Нест дар машраби ман содау нўхтро фарқ

Дарди пеши ман махмур ва май ноб яке аст

Риштаи ҷони ману риштаи он мӯии камар

Чун напечанд ба якдигар агар тоб якеаст ?

Дар миёни гул ва мл нест дўрнгии соиб

Муддати ҷӯши гулу ҷӯш май ноб яке аст