Нағмаҳо гарчи мухолиф буд , овоз яке аст

Парда ҳар чанд ки бисёр шавад , соз яке аст

Касрати мавҷи туро дар ғалат андохта аст

Варна дар синаи дарёи гуҳари роз яке аст

Заррау меҳр , сафои дил азу ме ёбанд

Сад ҳазор оинау оинаи пардоз яке аст

Чун нигараданд ба гирди сари маҷнӯни шабу рӯз ?

Шӯх чашманд ғизолону назарбоз яке аст

Сайд фаршаст дарин домгаҳ , аммо сайдӣ

Ки диҳад синаи худ тарҳ ба шаҳбоз яке аст

зи ихтилофи сухан аз роҳ науфтӣ соиб

Ки дарин парда на тӯй , схнсоз яке аст