Шаҳд дар хонаи пари равзани занбӯр яке аст

Шамъ ҳар чанд ки бисёр буд , нур яке аст

Ғунчаи беҳудаи сарангушт нигорин карда аст

Нохуни он кас ки занад бар дили носур яке аст

Дар муҳӣтӣ ки зи дили нақши ду олам шавед

Он ки аз сафҳа хотир нашавад давр яке аст

Сафар аз хеш чу кардӣ , ҳамаи ҷо миъроҷ аст

Минбару дор , бар ҳолати Мансур яке аст

То ба дарё нарасад сайл , наме оромад

Пеши мо хонаи вайронау маъмур яке аст

Улфати оҳӯии ваҳшии гиреҳӣ бар бодаст

Шӯхи чашмӣ ки нагардад зи назари давр яке аст

Абр раҳмат накунад фарқи гулу хор аз ҳам

Иззати масти дарин маҷлису мастур яке аст

Ишқ борӣаст ки дар пила бардоштанаш

Камари тоқати кӯҳу камари мӯр яке аст

Хок гардид ва нашуд чеҳрааш аз май глФом

Толеъи ҷоми ману косаи тнбўр яке аст

Ғараз аз зарф агар хӯрдан обасту таом

Косаи чубини ману косаи фағфур яке аст

Сухан онаст каз ӯ зиндаи дилӣ гарм шавад

Лаби афсурдаи баёнону лаби гӯр яке аст

Бебасират чаҳ шиносади сухани соибро ?

Талху ширин ба мазоқи дили ранҷур яке аст