Теғи абрӯии турои ҷавҳар чин ме боист

Рақами ноз бар он лавҳ ҷабин ме боист

Аз гулистони ту ҳар хор чаро гул чӣанд ?

Шуълаи хуии ту раънотар азин ме боист

Чанд густохи рикоб ту бабўсанд ағёр ?

Қуфлу бандӣ ба дар хона зин ме боист

То ҳаваси дасти наёбад ба шукри дуздӣдан

Гирди лаъли ту ҳисорӣ чу нигин ме боист

Дар бағал ҷой диҳад сарви сифати фохта ро

Қади раънои ту саркаштар азин ме боист

То дами хат ки дами бозпасин ҳасан аст

Ғунчаи боғи ҳаё , чин ба ҷабин ме боист

Чашм бар серума сияҳ кардӣ ва рафт оби ҳаё

Наргиси шӯхи турои доғ чунин ме боист

Ҳамаи асбоби ҷамоли ту ба ҷой хеш аст

Бӯса дар кунҷи лабат гӯша нишин ме боист

Булҳавас кард ватан бар сари кӯяши охир

Соиб аз баҳри ҷилои ту ҳамин ме боист