Маҳви дидорам ва дидор намедонам чист

Бедилу дайнам ва дилдор намедонам чист

Шабнамӣ нест дарин боғ ба маҳрӯмии ман

Ки қумоши гул рухсор намедонам чист

Даҳанӣ талх накардам зи шикояти ҳаргиз

Боиси ранҷиш дилдор намедонам чист

Хат шиносон натавонанд ба мазмун пардохт

Ҳеҷ мазмуни хат ёр намедонам чист

Аз сари худ хабарам нест з бе парвое

Мағзи ошуфта ва дастор намедонам чист

Дарди ҷонкоҳи ман инаст ки бо чандини дард

Орзӯии дил бемор намедонам чист

Муҳаррамӣ нест ба ҷузи чоҳи зқни рози маро

Ҳамдамии ғайри лаб ёр намедонам чист

Хона ҳастем аз хоби гарон дарбаста аст

Чашми бозу дил бедор намедонам чист

Баҳра аз санъат худ нест чу ҳаллоҷи маро

Болшии ғайри сар дор намедонам чист

Аз шикарханди гулаши шер ҷигар ме бозад

Хори ин водӣ хунхор намедонам чист

Худфурӯшӣ набӯд пешаи ман чун дгарон

Гармӣу сардӣ бозор намедонам чист

Кашиши баҳр чу сайлоб далеласт маро

Раҳбару қофила солор намедонам чист

Бо дили ман ки чу ойӣна ба душман соф аст

Сабаби хасмӣ зангор намедонам чист

Нест дар оинаи ҳайрати ман нақши дуе

Зишту зебоу гул ва хор намедонам чист

Ҷой раҳмаст ба бе ҳосилии ман соиб

Ҳамаи тани чашмам ва дидор намедонам чист