Хок дар косаи он сар ки дар ӯ савдо нест

Хор дар пардаи он чашм ки хўнполонист

Худнамое набӯд шеваи арбоби талаб

Оташи қофилаи реги равон пайдо нест

Ҳар киро менагарм наъл дар оташ дорад

Нуқта дар доираи шавқи ту по бар ҷо нест

Пайрави ақл ба сад қофила танҳо бошад

Раҳрави ишқ агар фард буд танҳо нест

Туъма оҳ шудам чун ҷигари шамъ ва ҳануз

Асари равшании субҳи асар пайдо нест

Кишти моро силам , барқи фано сӯхта аст

Хирмани мо гиреҳи хотири ин саҳро нест

Аз лаби хушку дили обилаи Фрсўди садаф

наметавон ёфт ки нам дар ҷигар дарё нест

Доғам аз ҷилваи болои парешони сайраш

Бори дили бардаади он сарв ки по бар ҷо нест

Мо парешони назарони худ гиреҳ кор худем

Ин чаҳ ҳарфаст ки сарришта ба даст мо нест

Олимии маст ва харобанд зи фикри соиб

Ҷӯши арбоби сухани ҳеҷ кам аз саҳбо нест