Ҳол гуёст агар теғи забон гуё нест
Шиквау шукр ба фармони забон танҳо нест
Пеши Фарҳод ки зад шишаи номӯс ба санг
Хандаи Кебек , кам аз қаҳқаҳа мино нест
Лангари ақл ба дасти ор ки дар олами об
Он қадри мавҷ хатар ҳаст ки дар дарё нест
Гармии лолаи хўнгрм маро дорад доғ
Варна маҷнӯни марои ваҳшатӣ аз саҳро нест
Саркашӣ дар қадами кӯҳ ҷавоҳир ифшоанд
Водии ҳирс ба наздикӣ истиғно нест
Аз талаб , матлаб агар хайр буд толиб ро
Талаб рӯй замини ҳам талаб дунё нест
Дидаи равзана аз шамъ буд нӯронӣ
Чашми пӯшида буд ҳар ки ба дил бино нест
Маънии азлат агар ваҳшат аз ободонӣ аст
Ҷғд дар мартабаи хеш кам аз анқо нест
На ҳамин фикри хату холи ту соиб дорад
Дар дил сӯхта кист ки ин савдо нест ?