Каъбау бткдаҳи санги раҳи аҳл дил нест

Риштаи роҳи талабро гиреҳ манзил нест

Гул фитодааст ба чашми ту зи ғифлат , варна

Ғунча Эй нест дарин боғ ки соҳибдил нест

Нақди осоиши дил дар гиреҳ сӯхтан аст

Вой бар ҷои сапандӣ ки дарин маҳфил нест

Бастани чашми маро аз ду ҷаҳон фориғ кард

Таҳтаи нақш буд оина чун дар гул нест

Домро ғифлати нахҷӣри расонад ба мурод

Дона пучаст агар сайди зи худ ғофил нест

Дидаи шавқи марои марг ҷавоҳир доруаст

Пардаи хоби миёни ман ва ӯ ҳоил нест

Сина Эй нест каз ӯ буи дилӣ битавон ёфт

Ғайри муштии садафи пучи дарин соҳил нест

Хабари соқии маҷлиси з ки пурсами соиб ?

Ҳеҷ кас нест дарин базм ки лоиъқл нест