Шодӣ ҳар ки зиёдаст зи ғам , комил нест
Ҳар киро харҷи з дахласт фузун , оқил нест
Дили гардун мутаъассир нашуд аз гиряи мо
Гунаҳи тухм чаҳ бошад чу замин қобил нест ?
Ошиқ онаст ки сар бар қадами дор наад
Мива то дар гарави шох буд комил нест
Толеъи ҳалқаи зулфи ту кабобам дорад
Каз тамошои ту як чашм задан ғофил нест
Риштаи нисбат бепоу сарон ҳамтоб аст
Гиреҳӣ нест ба зулфаш ки маро дар дил нест
Сайл вайронаам , ором намедонам чист
Ҳеҷ сангӣ ба раҳи ман бтар аз манзил нест
Ҷӯш ишқаст ки дар зарф нагунҷад , варна
Соғари баҳри зиёд аз даҳан соҳил нест
Хатар қулзум ҳастӣ , гули хўдкомиҳост
Нест як мавҷ ки дар баҳри ризо соҳил нест
Гирд ҳастӣ агар аз пеш назар бархезад
Раҳравӣ нест дарин роҳ ки дар манзил нест
Чанд соиби ҷигари худ хурӣ аз фикри сухан ?
Ҷузи дили чок , қаламро зи сухан ҳосил нест